Барои заноне, ки хизматчии давлатӣ мебошанд, курси омӯзишии забони англисӣ ташкил шудааст. Дар ин бора Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба занон-хизматчиёни давлатӣ омӯзонидани забони англисӣ ва русӣ, маҳорати суханварӣ, технологияҳои иттилоотӣ, коргузорӣ дар идораи давлатӣ, омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат курси ройгони 3 моҳаи омӯзиширо ба роҳ мондааст.