Дар соли 2023 Индонезия наметавонад мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни ҷавонони то 20-сола бошад.
Дафтари матбуотии ФИФА хабар медиҳад, ки дар натиҷаи мулоқоти президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷанни Инфантино ва президенти Ассотсиатсияи футболи Индонезия Эрик Тоҳир, аз ҷониби роҳбарияти ФИФА тасмим гирифта шуд, ки Индонезияро аз мақоми кишвари мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни ҷавонони то 20-сола маҳрум кунанд.
Ҷоми ҷаҳон миёни ҷавонон (U-20) бояд аз 20-уми май то 11-уми июн дар Индонезия баргузор мегардид.
Роҳбарияти ФИФА инчунин қайд намудаанд, ки кишвари нави мизбони чемпионат дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд, санаи баргузории мусобиқа бетағйир боқӣ мемонад.