Санаи 27-уми марти соли равон байни Вазорати нақлиёт ва ширкати Чинии «China Road and Bridge Corporation» дар доираи марҳилаи Чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)» қарордод оид ба сохтмони роҳҳову пулҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба имзо расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сохтмони як адад пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, бо сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр ва дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бошад сохтмони роҳи автомобилгард бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии 550 метр ) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) пешбинӣ шудааст.
Зимни ба имзо расонидани қарордод вазири нақлиёт қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд босифат, дар мўҳлати муайяншуда ва тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда иҷро карда шаванд. Вазири нақлиёт ҳамчунин қайд кард, ки дар сохтмон бояд техникаҳои муосири пурқувват ва мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб карда шаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки арзиши умумии лоиҳа 31, 283742,39 додллари ИМА-ро ташкил намуда, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рўзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст.
Назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба зиммаи роҳбарияти вазорати нақлиёт, Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва ширкати муштараки машваратии «ISAN Corporation + M50 Cоnsulting Group LLP» вогузор карда шудааст.
санаи 27-уми марти соли равон байни Вазорати нақлиёт ва ширкати Чинии «China Road and Bridge Corporation» дар доираи марҳилаи Чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)» қарордод оид ба сохтмони роҳҳову пулҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба имзо расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сохтмони як адад пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, бо сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр ва дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бошад сохтмони роҳи автомобилгард бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии 550 метр ) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) пешбинӣ шудааст.
Зимни ба имзо расонидани қарордод вазири нақлиёт қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд босифат, дар мўҳлати муайяншуда ва тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда иҷро карда шаванд. Вазири нақлиёт ҳамчунин қайд кард, ки дар сохтмон бояд техникаҳои муосири пурқувват ва мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб карда шаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки арзиши умумии лоиҳа 31, 283742,39 додллари ИМА-ро ташкил намуда, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рўзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст.
Назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба зиммаи роҳбарияти вазорати нақлиёт, Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва ширкати муштараки машваратии «ISAN Corporation + M50 Cоnsulting Group LLP» вогузор карда шудааст.
Дирӯз байни Вазорати нақлиёт ва ширкати Чинии «China Road and Bridge Corporation» дар доираи марҳилаи Чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)» қарордод оид ба сохтмони роҳҳову пулҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар дода, илова мекунад, ки дар доираи лоиҳаи мазкур дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сохтмони як адад пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, бо сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр ва дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бошад сохтмони роҳи автомобилгард бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии 550 метр ) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) пешбинӣ шудааст.
Зимни ба имзо расонидани қарордод вазири нақлиёт қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд босифат, дар мўҳлати муайяншуда ва тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда иҷро карда шаванд. Вазири нақлиёт ҳамчунин қайд кард, ки дар сохтмон бояд техникаҳои муосири пурқувват ва мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб карда шаванд.
Гуфта мешавад, арзиши умумии лоиҳа 31, 283742,39 додллари ИМА-ро ташкил намуда, муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рўзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст.