Аз 31-март то 2-апрел дар шаҳри Анталияи Туркия мусобиқаи «ANTALYA GRAND SLAM 2023» баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ҷиҳати иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 617-варзишгар (357-мард, 260-зан) аз 85-кишвари ҷаҳон номнавис гардидаанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, 5-ҷудокор намояндагӣ мекунанд:
-60кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-66кг Обид Ҷебов
-73кг Беҳрӯз Хоҷазода
-81кг Шодмон Ризоев
-90кг Ҷаҳонгир Маҷидов
Рақобатҳо аз рӯи 14-вазн 7-вазн миёни мардон ва 7-вазн миёни бонувон сурат мегирад. Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал ҷоизапулӣ – барои ҷойи аввал 5000-евро, барандагони медали нуқра 3000-евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500-евро супорида мешавад.
Барномаи баргузории мусобиқа:
Рӯзи 31-март
Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг
Мардҳо: -60кг, -66кг
Рӯзи 1-апрел
Бонувон: -63кг, -70кг
Мардҳо: -73кг, -81кг
Рӯзи 2-апрел
Бонувон: -78кг, +78кг
Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг