Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии дӯстона бо тими мунтахаби Аморати Муттаҳидаи тамринҳояшро дар Абу-Даби оғоз кард.
Ба тамринҳои даста зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар гурӯҳ 22-бозингар ба машқҳо ҷалб карда шуд. Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов ва Далер Имомназаров аз рӯйи барномаи инфиродӣ кор карданд.
Бояд қайд намоем, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Даби баргузор мешавад.