Бахшида ба Наврӯзи фархундапай нависандаи маҳбуби тоҷик, дорандаи 7 ҷоизаи байналхалқӣ Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) китоби наверо таҳти унвони «Кӣ ба мақсад мерасад?» ба нашр расонидааст.
Дар ин бора нависандаи китоби мазкур дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, гуфтааст, ки китоб баҳри бачагону наврасон таҳия гардида, дар худ чил ҳикояро фаро мегирад.
Ба иттилои манбаъ, хонандаи наврас бо ба даст гирифтани ин китоб метавонад қиссаҳои ҷолибу хонданиеро, аз қабили «Афсонаи моҳтобӣ», «Се шарти меҳмондорӣ», «Сад соли умр», «Саргузашти гандум», «Ду одам ва ду хирс» ва дигар ҳикояву қиссаҳои аҷоибро мутолиа намояд.
Шераки Ориён муаллифи 43 филми бадеӣ, фалсафӣ, ҳунарӣ ва тасвирӣ ба шумор меравад.