Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик Рӯнамоии Китобнома ё худ феҳристи адабиёти Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар Рӯзномаи “Ҷумҳурият”(2019 – 2021) баргузор гардид.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” соли 1995 мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифта, чопи мунтазами он ба роҳ монда шуд. Бо шумора ва нусхаи нашри хеле кам, “Ҷумҳурият” зарурати хешро дар таблиғу татбиқи пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат собит намуда, дар ҷомеа мақоми хоса пайдо кард. Санаи 14 марти соли 2000 бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” мақоми нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардид. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” минбари асосии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар саҳифаҳои он фаъолияти ҳамарӯзаи Президенти кишвар дақиқ инъикос мегардад.
Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи Миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории мавод, ҳамчунин таҳия ва нашри дастурҳои библиографии мавзӯи дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.