Мурғобро дигарбора заминларза такон дод

Субҳи имрӯз, соати 06:36-и вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза  дар километри 407-уми самти ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе,  дар километри 45-уми самти шимолу ғарб аз ноҳияи Мурғоб ҷойгир будааст.

Дар ин хусус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, изофа мекунад, қувваи заминларза дар умқи 116,2 километр воқеъ буда, дар марказаш  4,5 баллро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, бар асари заминларза талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст