БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ НУҲУМ ОИД БА ҲАМКОРИИ БАЙНАМИНТАҚАВИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ, ДАР БАХШИ ДУШАНБЕ-МОСКВА

Имконоти фаррохи сармоягузорӣ, ташаккули механизми судманди тиҷоратӣ, тақвияти соҳа бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва як қатор омилҳои дигари рушди равобит имрўз дар заминаи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, дар бахши Душанбе-Москва самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба матраҳ гардид.

Дар ин бахш, ки ба муайянсозии имконот ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Москва нигаронида шуда буд, сармоягузорӣ, ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодӣ, низоми идоракунии инноватсионӣ ва коммуникатсияи шаҳрӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамоҳангӣ барои татбиқи нақшаҳои мукаммали рушд. Имконот ва роҳҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияи муосир дар идоракунӣ бо намунаи инноватсионӣ муаррифӣ гардида, дар раванди татбиқ мубодилаи таҷрибаи ҳамдигарӣ зарур дониста шуд.

Душанбе-Москва бо самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба: – Ҳамоиши навбатӣ дар заминаи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия дар баробари намояндагони расмии сохторҳои давлатӣ, ҳамзамон соҳибкорону сармоягузорон ва хосса муаллифони лоиҳаҳои муосири технологиву инноватсиониро дар идоракунии механизмҳои инфрасохторӣ ба ҳам овард.

Душанбе: – пойтахти Тоҷикистон имрӯз чун шаҳри рӯ ба рушд ва татбиқкунандаи технологияи коммуникатсионӣ бо дастоварду имконоти фаррох таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад. Ин, аст ки дар доираи ҳамоиш бо такя ба навовариҳо ва имконоти мавҷуда барои боз ҳам бештар ҷорӣ кардани технологияи инноватсиониву иттилоотӣ аз ҳарду ҷониб – Душанбе ва Москва лоиҳаҳои ҷадид муаррифӣ ва пешниҳод шуданд. Татбиқи тавофуқоти мавҷуда бо тасмимҳои нав – ин раванд, ки аз рўйи шарикии боэътимоди байниҳам босубот идома дорад, сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна имрўз низ бо нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ мешавад.

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобила, имрўз низ намояндагиҳо омодагии устувор баҳри мубодилаи таҷриба баён намуданд. Дар ҳошияи бахши “Душанбе-Москва” – самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба, роҳҳои густариш ва заминагузорӣ барои роҳандозии нақшаҳои нав бо дарназардошти имконоти сармоягузорӣ баррасӣ гардид. Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, соҳибкорону сармоягузорони тоҷику русро дар формати нав “Рў ба Рў” ба ҳам оварда, сатҳи кунунии равобити иқтисодиву тиҷоратиро миёни пойтахтҳои ду кишвари дорои муносибатҳои стратегӣ Тоҷикистону Русия низ таҳким хоҳад бахшид.

Таҳкими босуботи равобит миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва, ки бо татбиқи барнома ва нақшаҳои иқтисодию тиҷоратӣ идома доранд, назаррас арзёбӣ мегардад, ин аст, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия аз рўйи тарҳҳои судоварӣ тиҷоратӣ ба миён гузошта шуданд.  Майдони ҳамкориҳо: Сармоягузорӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва самарабахшии иртибототи дуҷониба, ки дар ҳамоишҳои васе ва ҳам гуфтугӯи хосса дар формати В+В баррасӣ гардид, дар заминаи мулоқоти “Душанбе-Москва” самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба, дурнамо ва ояндаи неки ҳамкориҳоро бо таваффуқоти навбатӣ асоснок гардонид.