Субҳи 26-уми октябр паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов бо нишони биринҷии “GRAND SLAM ABU DHABI 2022” аз шаҳри Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб ба ватан баргашт. Темурро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагон соҳаи варзиши мамлакат, наздикону пайвандон ва мухлисони ҳунараш самимона истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар “GRAND SLAM ABU DHABI 2022”, ки аз 21-ум то 23 –юми октябр бо иштироки 414-варзишгар (239-мард, 175-зан) аз 65-кишвар баргузор гардид, Тоҷикистонро 10-варзишгар намояндагӣ карданд ва танҳо ба Темур Раҳимов муяссар шуд, ки соҳиби медали ин мусобиқа гардад.
Ин сеюмин медали Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои “GRAND SLAM” дар соли 2022 ба ҳисоб меравад. Ӯ дар “GRAND SLAM TEL AVIV” ва “GRAND SLAM ANTALYA” низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Инчунин имсол дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардидааст ва дар зинаи аввали радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ дорад. Бояд қайд намоем, ки Темур Раҳимов дар “GRAND SLAM ABU DHABI 2022” соҳиби 500-имтиёзи олимпӣ гардид.
Сайри ҷаҳонии ҷудо соли 2022 бо “GRAND SLAM BOKU” (4-6 ноябр), “GRAND SLAM TOKYO (3-4 декабр) ва мусобиқаҳои ситораҳои ҷудо дар JERUSALEM (20-22 декабр) ба анҷом мерасад.