Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҳуқуқҳои рақамӣ ва ВАО” мизи мудаввар баргузор гардид.
Тавре ҳамкорамон Олуфта Шарипова аз ҷараёни ҳамоиши мазкур иттилоъ дод, дар кори чорабинӣ намояндагон аз Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносону ҳуқуқшиносон ва дигар масъулини соҳа иштирок дошта, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқҳои рақами дар ВАО, изҳори назар намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки баргузории ҳамоиши мазкур саривақтӣ ва муҳим буда, ин пеш аз ҳама ҳуқуқҳои ракамӣ дар ВАО-ро муайян намуда, пешгирӣ аз хатар ва ҳамлаҳо дар ин самт хохад буд. Ҳамин аст, ки бо ибтикори Пешвои милат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳим дар самти таъмини иттилоотӣ ба тасвиб расонида шудааст, ки ҳамаи ин қонуну қарорҳо барои таъмини амнияти иттилоотӣ равона шудааст.
Дар анҷоми мизи мудаввар миёни иштирокчиён перомуни мавзуи зикргардида мубодилаи афкор сурат гирифт.