Размкори тоҷик – Нурулло Алиев, дар мубориза барои қарордоди эҳтимолӣ бо UFC дар вазни сабук бо Наир Меликяни армиянӣ мубориза мебарад.
Рақобат миёни Нурулло Алиев ва Наир Меликияни рӯзи 20-сентябр дар мусобиқаи интихобии «Dana White’s Contender Series» баргузор мешавад. Макони баргузории муҳориба миёни ин размкорон, варзишгоҳи «UFC Apex»-и Лас Вегас ба нақша гирифта шудааст.
Нурулло охирин муҳорибаи худро моҳи сентябри соли 2021 дар мусобиқаи «AMC Fight Nights & Eagle FC» анҷом дод. Дар ин муҳориба Алиев бо тасмими иттифоқи райъ Кирилл Крюковро мағлуб кард. Ӯ 6-ғалабаро соҳиб шуда, то ҳол шикаст нахӯрдааст.