Варзишкори тоҷик Илдар Аҳмадиев барои ширкат дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ба Амрико меравад.
Тавре хабаргузории “Ховар” дар такя ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, 18-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук рӯзҳои 23-26 июл дар шаҳри Юҷин баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Илдарро қаҳрамони олимпӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна Дилшод Назаров ҳамроҳӣ менамояд.
Илдар Аҳмадиев пайваста дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун иштирок менамояд. Ӯ дар мусобиқаи пешакии варзиши сабук дар Олимпиадаи 2021 дар пойтахти Ҷопон ширкат варзида, ба масофаи 100 метр натиҷаи беҳтарини шахсӣ (10,66 сония) нишон дод.
Ин варзишгари тоҷик ахиран дар IV Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба поси хотираи Геннадий Арзуманов, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Тошканд доир гардид, дар давидан ба масофаи 100 метр сазовори медали тилло гардид ва рекорди варзишгоҳро (10,37 сония) гузошт. Илова бар ин Аҳмадиев дар ҷаҳидан ба дарозии (7,59 метр) медали нуқраро ба даст овард.
Қобили зикр аст, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук қарор буд рӯзҳои 6-15 августи соли 2021 баргузор гардад. Аммо ба далели мавқуф гузошта шудани Бозиҳои олимпӣ-2020 дар Токио ба соли 2021 адр асари пандемияи кобронавирус баргузории он ба таъхир афтод.