ФИРӮЗ МИРЗОРАҶАБОВ ДАР ҚАЗОҚИСТОН МЕДАЛИ НУҚРАРО СОҲИБ ШУД

Фирӯз Мирзораҷабов варзишгари муваффақи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини тарзи юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон миёни ҷавонони то 20-сола баргузор гардид, медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпӣ дар саҳифаи расмиаш хабареро нашр кард.

Паҳлавони тоҷик – Фирӯз Мирзораҷабов дар ин мусобиқа дар вазни зери 60кг Тоҷикистонро муариффӣ намуд. Ӯ дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм оғоз кард. Сипас ӯ дар се давр бар рақибонаш пирӯз гардида ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Мутаасифона дар финал Фирӯз аз варзишгари мизбон шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра гардид.

Дар баробари Фирӯз 4-варзишгари дигари тоҷик – Сиёвуш Ачилов (63кг), Шероз Очилов (72кг), Султон Саидзода (72кг) ва Русланҷони Рустамҷон (82кг) дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон дучори шикаст гардиданд.

Дар ин мусобиқа беш аз 300-варзишгар аз минтақаҳои Қазоқистон, инчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок намуданд.