Дар бозии аввали даври 1/4 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо байни дастаҳои «Челсӣ»-и шаҳри Лондон ва бошгоҳи «Реал Мадрид»-и Испания, рақобати ҷадид сурат гирифт.
Дидори дастаҳо дар майдони «Стэмфорд Бриҷ»-и Лондон баргузор гардид.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 21-уми рақобат Карим Бензема ба самар расонида, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Баъд аз гузаштани се дақиқа, Карим Бензема голи дуюми «Реал Мадрид»-ро ба самар расонид.
Дар дақиқаи 40-уми рақобат Кай Хавертс дарвозаи Тибо Куртуаро рахна намуда, ҳисоби бозиро 1:2 намуд. Пас аз шаш дақиқаи голзании Хавертс ҳамлавари фаронсавӣ Карим Бензема голи сеюмро ба дарвозаи Менди ворид намуда, ба номаш хет-трикро муҳр зад.
Ҳамин тариқ, бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” бори аввал дар бозиҳои асосӣ дастаи «Челсӣ»-ро шикаст дод. Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 13 апрел дар майдони хонагии «Реал Мадрид» «Сантяго Бернабео» баргузор мегардад.
Сорбон Амонуллозода, Радиои “Тоҷикистон”