Вазир: Хабари дубора омадани коронавирус беасос аст

Ҷамолиддин Абдуллозода дар як мусоҳиба ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки расман дар кишвар ягон бемори COVID-19 нест ва овозаҳои дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирус асоси воқеӣ надоранд. Вале, воқеият ин аст, ки дар ҷумҳурӣ якчанд ҳолатҳои гирифтории такрорӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба қайд гирифта шудааст.