Дар замони авҷи коронавирус ягон табиб тарки вазифа накард, аммо…

Дар як машварат дар ВМКБ раиси вилоят Ёдгор Файзов аз кори табибони вилоят изҳори хушнудӣ карда, кори онҳоро қаҳрамонӣ хонд.

Ба иттилои Ёдгор Файзов  соли гузашта барои мардуми тоҷик, бахусус кормандони мушкил омад, аммо сиёсати дурусту муттаҳидӣ ва дастгирии мардум имкон фароҳам сохт, то сол бо камтарин талафот сипарӣ гардад. Раиси вилоят корнамоии кормандони соҳаи тандурустии вилоятро қаҳрамонӣ унвон намуда, қайд кард, ки новобаста аз вазъияти баамаломада, дар ин давраи ҳассос, ягон табиб тарки вазифа накард, балки ба қиммати ҷони худ шабу рӯз дар хизмати мардум қарор доштанд.

Бояд гуфт, ки дар ин машварат муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед низ ҳузур дошт ва қайд намуд, ки аз миёни 219 давлати аъзои СММ Тоҷикистон ягона кишварест, ки аз моҳи январи соли 2021 ягон ҳолати сироятёбӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

«Ҳоло давлатҳои муқтадири Амрикову Аврупо дар марҳилаи сеюми паҳншавии Ковид қарор доранд ва ин раванд дар кишварҳои ҳаммарзи мо низ идома дошта, ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз дар ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор нафар фавт мекунанд»- навиштааст сомонаи мақомоти ВМКБ аз номи Шодихони Ҷамшед.

Дар баробари ин, гуфта шуд, ки давоми се соли охир 38 муассисаи соҳаи тандурустӣ таъмир ва азнавсозӣ гардида, дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ нақлиёти ёрии таъҷилӣ барои муассисаҳои тандурустӣ дастрас гардидаанд. Ба гуфтаи муовини вазир, ҳоло дар самти сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ, таъмини кадрҳои баландихтисоси соҳа ва афзоиши нишондиҳандаҳои касалиҳои сироятӣ камбудиҳои зиёде ҷой доранд. Бархе аз бунгоҳҳои саломатӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, иддаи дигар бо бинои худӣ таъмин нагардидаанд. Феълан дар 27 маркази саломатии деҳот мутахассис намерасад. Гуфта шуд, ки гарчанде солҳои охир нашъмандӣ рӯ ба коҳиш дорад, вале нишондиҳандаи бемориҳои ВНМО ва сил дар таносуб ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ афзудааст.

Аз ин пеш, сардори раёсати тандурустии вилоят Фарид Музафаров дар машварти васеъи назди раиси ВМКБ гуфта буд, ки то санаи 25.12.2020 4610 нафар бо аломатҳои илтиҳоби шадиди шуш ва роҳҳои нафас ба қайд гирифта шуда, айни ҳол бошад 2 нафар бо бемории Ковид-19 ва 6 нафар аломатҳои шадиди илтиҳоби шуш дар муассисаҳои табобати мавриди муоина ва муолиҷа қарор дода шуд. Дар давоми сол 30 ҳодисаи фавт бо бемориҳои ҳамрадифӣ сабт шудаст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *