Кумаки Ҳилоли Аҳмар ба беш аз 9000 оилаи ниёзманд

Бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди кишвар, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  кумакҳои башардустонаи Малик Салмонӣ Арабистони саудиро дар арафаи моҳи шарифи рамазон ба оилаҳои ниёзманди ҳашт шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва чор ноҳияи шаҳри Душанбе месупорад.

  Бояд гуфт, ки дар доираи ин кумак ба 9331 оилаҳои ниёзманд аз ҷумла ба оилаҳои  ноҳияи Ҳамадонӣ, Муминобод, Ховалинг, Фархор, Темурмалик, шаҳри Кулоб, Ҷалолиддини Балхӣ, ноҳияи Ҷайҳун ва инчунин дар шаҳри Душанбе  ба 1 631 оилаҳои ниёзманд ва хона-интернатҳо кумаки хайриявӣ дар шакли маҳсулоти ғизоӣ  дастрас карда мешаванд. Нодир Аминзода масъули иттилоот ва робита бо ҷомеъаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои Тоҷикистон гуфт, ки кумаки башардустонаи то санаи 13-уми апрели дома мекунад.

      Кумаки башардустонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои ҳар як оила 50 кг орд, 3 литр равгани растанӣ, 3 кг бринҷ, 3 кг шакар ва лубиё  иборат мебошад. Ин амали хайр дар ҳамкорӣ бо мақомти иҷроияи ҳокимиятидавлатии  шаҳри Душанбе амалӣ мегардад. Маврид ба зикр аст, ки кумаки башардустонаи ҷамъияти мазкур асосан ба табақаҳои ниёзман аз ҷумла шахсони дорои маъюбият дошта, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ  кумаки худро мерасонад. Хатича Зубайдова ва Файзали Раҳимов,  ки маълбони гуруҳи якум мебошанд, дар суҳбат ба мо гуфтанд, ки ин бори аввал набуда чанд маротиба шудааст, ки кумакҳои башардустона ба мо медиҳанд:

Ёдовар бояд шуд, ки Ҷамъият Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ташкилоти худидораи ғайритиҷоратӣ буда, ба ташаббуси шаҳрвандон, дар асоси умумияти манфиатҳо барои муштаракона ба ҷо овардани вазифаҳои амалӣ гардонидани ғояҳои башардӯстона ва ғамхорӣ намудан ба мардум бо роҳи таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, ҳамчунин дастгирии фаъолияти башардӯстонаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот созмон дода шудааст.

   Ҷамъияти мазкур, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷамъияти ихтиёрӣ эътироф гардида, мутобиқи Конвенсияҳои Женева аз 12 августи соли 1949 дар бораи беҳбудӣ бахшидан ба сарнавишти маҷрӯҳон ва беморон инчунин ҳимояи қурбониҳои низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ,  мусоидат менамояд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2012 инҷониб фаъолияти худро расман оғоз мекунад.

Саидов Шоҳин,

Радиои “Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *