Сомон Маҳмадбеков дар Бишкек ба финал роҳ ёфт

Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания, ки   дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, баромад намуда, ба финал роҳ ёфт.

Варзишгари шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков бо намояндаи Яман — Айяш Аҳмад ва  Муҳаммадӣ Муҳаммад аз Эрон рақобат намуда, пирӯз шуд. Тавре “Ховар” хабар медиҳад, Сомон ба марҳилаи ½-ниҳоӣ роҳ ёфт. “Дар нимфинал Сомон Маҳмадбеков бо барандаи медали тиллои Tunis Grand Prix 2018 — Жансай Смагулови қазоқ қувва  санҷид. Дар ин рақобат паҳлавони мо аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Акнун барои садо додани Суруди миллии Тоҷикистон  Сомон Маҳмадбеков бо қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим рақобат мекунад”,-менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар ин рӯз рақобатҳои паҳлавонони дигари  тоҷик, Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов, ҳарду дар вазни  -81 кг доир шуданд. Ҳақназар Назаров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо ҳарифаш аз Кореяи Ҷанубӣ — Мун Ҷин Ли қувва санҷид. Дар ин майдондорӣ варзишгари  мо бо усули «ваза-ари» шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Варзишгари  дигари ин вазн Акмал Муродов рақобатро аз марҳилаи дуюм бар муқобили Халил Ребаҳии қатарӣ оғоз кард. Дар ин дидор Акмал Муродов комёб шуда, ба даври навбатӣ роҳ пайдо кард. Дар даври навбатӣ Акмал Муродов бо паҳлавони  эронитабори Муғулистон — Саид Муллаӣ рақобат мекунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *