Ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафров

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.

Баландии сутунпояи рамзи давлатдорӣ 50 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Масоҳати умумии Майдони Парчами давлатӣ, ки дар маркази деҳот сохта шудааст, 6345 метри мураббаъ буда, он ба ҳусни ин маҳал зебогии дигар зам мекунад.

Майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, дар Майдони Парчами давлатӣ нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардида, фаввораҳо сохта шудаанд.

Дар майдони парчам барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ шароит фароҳам буда, он барои сайру гашт ва тамошои сокинон макони муносиб мебошад.

Иншооти мазкур дар доираи сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағҳои Мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти Унҷӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва тарабхонаи «Файзулло»-ро ифтитоҳ карда, ба ятимони кулли вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров туҳфаҳо тақдим намуданд

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои маркази савдо ва тарабхонаи миллии “Файзулло”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур сеошёна буда, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Файзулло Абдуллоев дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд карда шудааст.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маркази савдо, тарабхона ва сехи қаннодӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Дар маркази савдо мағоза, тарабхона ва сехи қаннодӣ ҷойгир мебошанд. Ҳамчунин барои кормандон ҳуҷраҳои корӣ бунёд карда шудаанд.

Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, бино бо унсурҳои хоси миллӣ ва шаклу услуби хос қомат афрохтааст.

Ҳамчунин бо мақсади зебову назаррабо намудани муҳит дар атрофи иншоот гулу бутта ва ниҳолҳои ороишӣ шинонида шудаанд.

Соҳибкори ватанӣ иқдом гирифтааст, ки дар маркази савдо бештар маҳсулоти истеҳсоли ватаниро, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, ба фурӯш бароранд. Вобаста ба ин бо дигар соҳибкорону хоҷагидорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Аснои шиносоӣ бо тарҳи бино ва сатҳи хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд доданд.

Пас аз ифтитоҳи иншооти нави хизматрасонӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Суғд вохӯрии самимӣ анҷом дода, ба онҳо сару либос, китоб ва ширинӣ туҳфа намуданд.

Дар ин мулоқот 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Бӯстон, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров аз туҳфаҳои Пешвои миллат баҳравар гаштанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисию табобатии «Тибби Сино»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамчунин дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти муосир аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст — Иномҷон Тоҷибоев, Абдусалом Раҳимов ва Равза Мирзоева бунёд гардидааст.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир боз 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2015 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи апрели соли 2021 бо сифати баланди сохтмонӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ ба анҷом расид.

Иншоот бо тарҳу усули муосир дар масоҳати умумии 2618 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду бинои чорошёна ва таҳхона иборат мебошад. Барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ, ки аз давлатҳои Туркия, Ҳиндустон ва Чин дастрас гардидаанд, насбу васл гардидаанд ва марказ дорои лаборатория ва 30 ҳуҷраи хоби беморон бо 60 кат барои беморон мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои маркази мазкур 22 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо, ҳуҷраи гӯшу гулӯву бинӣ, асабшинос, бемориҳои даруна, табобати дандон ва урологӣ ҷойгир мебошанд.

Маркази ташхисиву табобатии “Тибби Сино” ҳамчунин дорои шуъбаи дилу рагҳо, шуъбаи бемориҳои занона ва даруна, шуъбаи асаб ва шуъбаи ҷарроҳӣ буда, дар он яке аз амалиёти нозуку мураккаб — ҷарроҳии гирифтани чӯраи байнимуҳрагӣ ба таври эндоҷарроҳӣ гузаронида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур баҳри ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ ба табибон ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди истифода қарор доданд

7 апрел дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-ро мавриди истифода қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкорони боҳиммату ватандӯст Розиқов Абдухалил, Розиқов Абдуҷалил, Азимов Ҷӯрабой, Ҷӯраев Муродҷон, Азимов Олим, Иброҳимов Нозимҷон, Эгамқулов Мақсудҷон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Иншооти мазкур аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво, утоқҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози давлат иборат мебошад ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дар таҳхонаи бино кабинетҳои таълимии дӯзандагӣ, челонгарӣ, пазандагӣ ва маҳфилҳои рассомиву омӯзиши дигар ҳунарҳо ташкил гардида, наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб карда шудаанд. Дар саҳни муассиса ошхонаи барҳаво барои 120 нафар хонанда ва майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст.

Бо дарназардошти супоришҳои Президенти мамлакат ҷиҳати самаранок истифода намудани замини ёрирасон дар масоҳати 0,5 га боғи интенсивӣ бунёд гардидааст. Муассисаи таълимӣ дорои маркази гармидиҳӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар муассисаи навбунёд ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ҳамин аст, ки сол аз сол маблағгузорӣ ба ин соҳаи калидӣ зиёд гардида, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта мешавад.

Қобили зикр аст, ки собиқ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров солҳои 1930-юм сохта шуда, бо зиёд шудани нуфузи аҳолӣ талабот ба мактаби нав ба миён омада буд. Дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони боҳиммат дар бунёди ин муассисаи таълимӣ саҳми арзанда гузоштанд ва акнун наврасону ҷавонон дар шароити хубу замонавӣ таҳсил намуда, ҳамчун фарзандони фарзонаи миллат ба воя мерасанд ва дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмоновро махсусан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳидоят намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя мерасанд, зеро барои амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб дар муассисаҳои таълимии мамлакат тамоми шароит муҳайё мебошад. Илова бар ин, эълон гардидани солҳои 2020-2040 — “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” сабаб мегардад, ки омӯзиши ин фанҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Бунёди бинои наву замонавии муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и деҳоти Ҳайдар Усмонов туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *