Паёми «Тоҷикистон»: Дар заминларзаи Рим 293 нафар ҷон доданд

Имрӯз сешанбе, 6 апрели соли 2021 аст.

Обу ҳаво

Агентии обуҳавошиносӣ имрӯз ҳавои шаҳри Бохтарро тағйирёбанда гуфтааст. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +22° ва шабона то +7° гарм мешавад.

Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғ рӯзона то +8° гарм ва шабона то -1° хунук мешавад. Эҳтимолияти боридани сусти борону барф пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво бебориш аст. Ҳарорати ҳавао рӯзона то +20° ва шабона то +6° гарм мешавад.

6 апрел ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш буда, рӯзона то +18° ва шабона то +6° гарм мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ рӯзҳои 5 – 7 апрели соли  ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ фаромадани тарма ва дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Қурби асъор

Барои имрӯз 1 доллар 11,31 сомонӣ, 1 евро- 13,33 сомонӣ ва 10 ба 1,47 сомонӣ баробар аст.

Тақвими рӯз

Дар ҳамин рӯзи соли 1896 дар Афина аввалин бозиҳои олимпии муосир ифтитоҳ ёфтанд.

Соли 1965 дар ИМА аввалин моҳвораи тиҷоратӣ дар самти алоқа сар дода шуд.

Дар ин рӯзи соли 2009 дар  километри 95-уми шимолу шарқи Рим заминларза бо қувваи 6,3 балл ба амал омад, ки дар натиҷа  293 нафар ҷони худро аз даст доданд.

6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот, Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ ва Рӯзи геологҳо таҷлил мешавад.

Ҷадвали барномаҳо

Агар ба ҷадвали барномаҳои Радиои “Тоҷикистон” назар кунем, имрӯз дар соати 10:15 барномаи “Рисолати  муқаддас”, дар соати 11:15 барномаи “Меҳвар” ва дар соати 11:40 барномаи “Набзи сиёсат” пахш мешавад.

Ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ дар соати 12:15 мо ба Шумо дар барномаи мустақими “Танаффус” чанд маълумоти ҷолибро манзур мегардонем, ки боварӣ дорем, ғизои маънавӣ мешавад.

Соати 13:15 барномаи мустақими “Маърифат”, соати 14:10 барномаи таҳлилии “Ҳаёти деҳот”, соати 15:15 барномаи “Низом  ва масъулият” ва дар соати 16:15 такрори барномаи “Набзи сиёсат”-ро шунида метавонед.

Дар соати 19:20 ба Шумо тавсия медиҳем, ки бо мавҷи 104,7 fm ва барномаи “Шом ба хайр” шоми худро бахайр гардонед.

Бояд гуфт, ки Радиои “Тоҷикистон” ҳамарӯза ва дар ҳар соат барои шунавандагон хабару гузориш омода менамояд. Ҳамчунин Шумо метавонед дар сомонаи http://radiotoj.tj/ ва дар Фейсбуку Инстаграм, Ютубу Телеграм ва Твиттер саҳифаи Радиои “Тоҷикистон”-ро ҳамроҳӣ карда, аз набзи рӯз бохабар бошед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *