Чемпионати Осиё-Уқёнусия дар Бишкек: Ҳарифони паҳлавонони тоҷик киҳоянд?

Дирӯз дар шаҳри Бишкеки  Ҷумҳурии Қирғизистон маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-Уқёнусия баргузор шуд, ки дар натиҷаи он рақибони варзишгарони  тоҷик муайян шуданд.

Бояд гуфт, ки Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг) бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашид.

Натиҷаи қуръакашӣ:

-48кг. Даври 1. Ка Ки Вонг (Гонконг, Чин) – Шукрона Карчиева (Тоҷикистон)

-52кг. Даври 1. Гулбодом Бобомуродова (Туркманистон) – Аҳлия Мӯъминова (Тоҷикистон)

-52кг. Даври 1. Тинка Истон (Австралия) — Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)

-73кг. Даври 1. Сомон Маҳмадбеков (Тоҷикистон) — Айяш Ахмед (Яман)

-81кг. Даври 2. Акмал Муродов (Тоҷикистон) – Халил Ребаҳи (Қатар)

-81кг. Даври 2. Мун Ҷин ЛИ (Кореяи Ҷанубӣ) – Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)

-90кг. Даври 1. Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон) – Шатлик Тораев (Туркманистон)

-90кг. Даври 1. Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) – Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)

-100кг. Даври 1. Кайхан Озчичека-Такаги (Австралия) – Мансур Раҳмон (Тоҷикистон)

+100кг. Даври 1. Темур Раҳимов (Тоҷикистон) – Карам Бир Карам бир (Ҳиндустон)

+100кг. Даври 1. Алишер Юсупов (Ӯзбекистон) – Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон)

   Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Бишкеки  Ҷумҳурии Қирғизистон   Чемпионати Осиё-Уқёнусия  оғоз мешавад, ки дар он   12 нафар варзишгарони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  (9 мард ва 3 зан) ширкат меварзанд.

Ҳайати  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар Чемпионати Осиё-Уқёнусия 2021:

Вазн:          Иштирокчӣ:
-48кг            Шукрона Карчиева
-52кг            Аҳлия Мӯъминова
-52 кг           Фазилат Гулбоева
-60 кг           Шаҳбоз Саидабуроров
-73 кг            Сомон Маҳмадбеков
-81кг             Акмал Муродов
-81кг             Ҳақназар Назаров
-90 кг           Комроншоҳ Устопириён
-90 кг           Ҷаҳонгир Маҷидов
-100кг          Мансур Раҳмон
+100 кг        Темур Раҳимов
+100кг         Хуршед Маҷидов

Тақвими мусобиқа:
Рӯзи якум (6 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —48 кг, -52 кг , -57 кг;    Мардон: -60, -66 кг

Рӯзи дуюм (7 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: -63, -70 кг;   Мардон: -73, -81 кг

Рӯзи сеюм (8 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Занон: —78, +78 кг;   Мардон: -90, -100, +100 кг

Рӯзи чорум (9 апрел, шурӯъ аз соати 10:00):
Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)

Варзишгарони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки 218 нафар варзишгарон аз 31 давлат дар назар аст.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *