Ҷаласаи фаврӣ: Чиптаҳоро гарон нафурӯшед!

Дар як ҷаласаи фаврӣ дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи назорати қатъии болоравии нархи беасоси чиптаҳо баррасӣ гашт.

Бино ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар ҷаласа, ки бо иштироки  намояндагони Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии ватанӣ – ҶДММ “Сомон Эйр”, намояндагии ширкати ҳавопаймоии Федератсия Россия дар кишварамон “Ютэйр” ва намоянда аз Агентии алоқаи ҳавоӣ баргузор гашт, Икром Субҳонзода аз ширкатҳо ва нуқтаҳои фурӯши чиптаи ҳавопаймо дархост кард, ки чиптаҳоро гарон аз нархҳои муайянкардашуда нафурӯшанд.

Гуфта мешавад, ки тибқи протоколи ҷаласа аз 26.03.2021с. ва дар мувофиқа бо ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Ютэйр” нархи рафтуомади чиптаи ҳавопаймоӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе то 500 доллари ИМА муқаррар гардида буд. Ширкатҳои ҳавопаймоии номбурда нархи чиптаи ҳавопаймоиро бо назардошти талабот дар хатсайри Душанбе-Москва на зиёда аз 350 доллари ИМА ва дар хатсайри Москва-Душанбе 150 доллари ИМА муқаррар намуданд, ки мутаассифона аз рӯи сару садоҳо ва хабарҳо дар сомонаҳо муқаррароти протоколи болозикр аз ҷониби ширкатҳои болозикр ва агентиҳои чиптафурӯшӣ риоя нагардида истодааст.

“Аз ширкати ҳавопаймоии ватанӣ “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии Федератсия Россия дар кишварамон “Ютэйр” қатъиян ва ҷиддӣ талаб карда шуд, ки бо агентиҳои чиптафурӯшӣ ҷаласа баргузор намуда, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо нархи мувофиқашудаи муқарраргардида амалӣ карда шуда, ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймоӣ роҳ надода, нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд. Дар сурати риоя нагардидани талаботи муқарраргардида, барои андешидани чораҳои қатъӣ, аз ҷониби Агентӣ ба сохторҳои дахлдор дархост ирсол карда мешавад”-омадааст дар хабари Агентӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *