12 варзишгари тоҷик ба Бишкек рафтанд

12 ҷудокори тоҷик барои иштирок дар мусобиқаи Asia-Oceania Senior Championships 2021 ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон рафтанд.

ФҶТ хабар медиҳад, ки мусобиқаи мазкур аз 6 то 9 апрели соли равон доир мегардад ва имрӯз қуръакашии он доир гардид.

Миёни варзишгарони тоҷик 3 нафар зан мебошанд ва Беҳрӯз ХОҶАЗОДА (-73кг) ва Шакармамад МИРМАМАДОВ (+100кг) бинобар сабаби осеб доштанашон, дар мусобиқаи мазкур иштирок намекунанд. Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ – Рамзӣ Шамиров низ Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё муаррифӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқа иштироки 215 варзишгар аз 30 давлат дар назар аст ва ҷудокорони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд.

Барои мақоми аввал – 700 имтиёз, дуюм – 490 имтиёз ва сеюм – 350 имтиёз дода мешавад.

Ҳайати ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон:

ВАЗН:ИШТИРОКЧӢ:
-48kgШукрона КАРЧИЕВА
-52kgАҳлия МӮЪМИНОВА
-52kgФазилат ГУЛБОЕВА
-60kgШаҳбоз САИДАБУРОРОВ
-73kgСомон МАҲМАДБЕКОВ
-81kgАкмал МУРОДОВ
-81kgҲақназар НАЗАРОВ
-90kgКомроншоҳ УСТОПИРИЁН
-90kgҶаҳонгир МАҶИДОВ
-100kgМансур РАҲМОН
+100kgТемур РАҲИМОВ
+100kgХуршед МАҶИДОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *