Паёми “Тоҷикистон”: Ҳаво номусоид шуда, борону барф меборад

Обу ҳаво

Имрӯз дар шаҳри Бохтар рӯзона Бе боришоти назаррас ва ҳарорати ҳаво то +15° гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво то +9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ рӯзона ҳарорати ҳаво то +7° гарм шуда, шабона ар баъзе холатҳо боришот (борон, барф) дар назар буда, ҳаво то 0° хоҳад шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +10° гарм шуда, шабона то +6° гарм мешавад.

Ҳарорати ҳаво рӯзона дар шаҳри Душанбе то +11° гарм ва шабона то +7° гарм мешавад. Борони кӯтоҳмуддат дарназар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ рӯзҳои 28-29 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон-барф пешгӯӣ мешавад. 

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон барои рӯзи 29 марти соли 2021 арзиши 1 долларро ба 11.31 сомонӣ, 1 евро баробар ба 13.33 ва 10 рублро ба 1.48 сомонӣ баробар кардааст.

Тақвими рӯз

Имрӯз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Ин сафар ҷиҳати иштирок  ва суханронӣ дар Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» зери унвони «Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд» доир мегардад.

29 марти соли 1929 Иттифоқи «Тоҷикматлубот» таъсис дода шуд;

Ҳамин рӯзи соли 1936 Иттифоқи меъморони Тоҷикистон созмон ёфт;

29 марти соли 1943 дар ИМА барои фурӯши гӯшт, равған ва сир меъёр муқаррар карда шуд;

Дар ин рӯзи соли 1961 аввалин маротиба сокинони Вашингтон  (ИМА) ҳуқуқи овоздиҳӣ ба даст оварданд;

Соли 2002 хатсайри ҳавойии Душанбе-Кобул-Душанбе ба роҳ монда шуд;

29 марти соли 2010 дар Тоҷикистон Бонки хурди молиявии «Accessbank Tajikistan» таъсис ёфт;

Имрӯз дар Мадагаскар Рӯзи хотираи қаҳрамонон ва дар Рӯзи мутахассисони хадамоти ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳи Россия аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *