Паёми “Тоҷикистон”: Дар ин рӯз рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» таъсис ёфт

Обу ҳаво

Имрӯз ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар рӯзона +11…+13° шуда, шабона -4…-2° мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво рӯзона +7…+9° ва шабона бошад, -1…+1° гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ 15 март ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд рӯзона +14…+16° шуда, шабона ба +4…+6° мерасад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво рӯзона +15…+17° ва шабона +9…+11° пешгӯӣ мешавад.

Қурби асъор

Барои рӯзи 15 март 1 доллар – 11.30 сомонӣ, 1 евро – 13,48 сомонӣ ва 10 рубл 1,52 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Тақвими рӯз

Дар ин рӯзи соли 1892 дар Англия клуби футболи «Ливерпул» таъсис дода шуд;

15 марти соли 1925 яке аз қадимтарин ва сернуфузтарин нашрияҳои кишвар-рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» таъсис ёфт;

15 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе ба сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуданд.

Ин иншооти калон дар масоҳати беш аз 9 гектар сохта мешавад ва дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд;

Ҷадвали пахши барномаҳо

Имрӯз дар Радиои “Тоҷикистон”  соати 09:10 барномаи таҳлилии «Набзи сиёсат» пахш шуд, ки мавзӯи “Авҷ гирифтани даргириҳои мусаллаҳона дар Яман ва мушкилоти азсаргирии музокироти сулҳ  дар  ин кишвар”-ро ҳамкорони мо баррасӣ доштанд.

Дар соати 09:40 барномаи «Фасоҳати калом» рӯйи мавҷи 104,7 fm пахш гашт. Мавзӯи имрӯзаи барнома “Ғалатҳо аз шиору овезаҳо ва номи марказҳои хизматрасонӣ” буд. Агар ин мавзӯъ барои шумо ҷолиб аст, пас такрори барномаро соати 16:10 гӯш кунед.

Рӯйдодҳои варзишӣ, аз ҷумла тиҷорат дар футбол барои аксар мухлисони ин ришта ҷолиб аст. Барои ҳамин ҳам, ҳамкорони мо аз идораи барномаҳои ҷавонӣ ва варзиш дар марномаи “Рӯйдодҳои  варзишӣ” ҳамин мавзӯъро пайгирӣ кардаанд. Барномаи мазкурро соати 11:10 дар Радиои “Тоҷикистон” бишнавед.

“Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт…” Ин мисраи аз шоири тоҷик Мирзо Турсунзода аст. Агар ба шумо ҳаёт ва эҷодиёти  устод Турсунзода ҷолиб аст, пас барномаи “Ошёни баланд”-ро дар соати 12:15 бишнавед.

Ҳамин тавр, баъд аз нисфирӯзӣ шумо метавонед, дигар барномаҳои Радиои “Тоҷикистон”, аз ҷумла “Сӣ авроқи  рангин”, “Рӯ ба фардо”, “Нидои бедорӣ”, “Бозтоб”, “Садои ошно” ва “Қиссаҳои шабафрӯз”-ро рӯйи мавҷи 104,7 fm бишнавед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *