Муҳлати амали низоми пардохтии “Корти миллӣ” ба анҷом расид

Бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи БДА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муҳлати он тамдид карда шуд.

Тавре БМТ хабар додааст, дар асоси моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаҳои 6 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 11 ва 561 “Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба БДА ҶТ “Амонатбонк” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии миллии “Корти миллӣ” бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд.

Ҳамчунин, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион” бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд. Дар асоси қарори зикршуда, иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток”, ки аз 9 феврали соли 2018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуда, Идораи низоми пардохт барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ вазифадор гардид.

Бояд гуфт, ки то имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон 1 миллиону 534 ҳазор нафар кортҳои пардохтии бонкии “Корти миллӣ” доранду 1739 адад постерминал фаъол мебошанд.

Ба иттилои раиси БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ин муассиса бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими нақдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, дар маҷмӯъ бо 7 768 адад ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷиҳати гузаштан ба лоиҳаи “Музди меҳнат” тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар баробари ин, фаъолияти 20 хазинаи бегоҳӣ ва шабона дар кишвар хизмат мекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *