Паёми “Тоҷикистон”: Ифтитоҳи нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар

Обу ҳаво

Дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 20+22° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11° гарм, рӯзона 18+23° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 11+16° гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Хоруғ дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон, барф) ба амал омада, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 хунук, дар баъзе минтақаҳо то 18-23 хунук, рӯзона 1-6° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 7-12 хунук мешавад.

Дар Хуҷанд дар баъзе ҳолатҳо боришоти сусти борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад. Дар НТҶ дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар водиҳо боришоти сусти борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, раъду барқ ба амал меояд Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Қурби асъор

1 доллари ИМА — 11.3045 сомонӣ;

1 евро – 13.6377 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1530 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

 4 марти соли 1789 аввалин Конститутсия ИМА ба ҳукми амал даромад;

4 марти соли  2016  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»- ро ифтитоҳ намуданд.

Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла маркази ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир мебошад. Дар дармонгоҳи маҷмаа тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати беморон ба таври компютерӣ ба системаи ягона ворид карда мешавад. Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст;

Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардиданд.

Зодрӯз

Соли 1875 -нависандаи тоҷик, равшанфикр ва рӯзноманигор Маҳмудхоҷа  Беҳбудӣ.

Соли 1930-арбобони сиёсӣ ва  давлативу ҳизбӣ Раҳбар Қосимов.

Соли 1936 – рӯзноманигор Тулфор Қадамов.

Соли 1947 – доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов.

Соли 1949 – ҳофиз, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дона Баҳромов.

Соли 1957 – рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *