Google ҳам худро дар Кумитаи андоз ба қайд гирифт

Ширкати бузурги онлайнии Google худро дар сомонаи www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифт.

Ба иттилои Кумитаи андоз ба ғайр аз ширкати Google ва Facebook, ичунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc ба қайд гирифта шудаанд ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.

Хабари ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ ба қайд гирифтани Facebook рӯзи гузашта расонаӣ шуд.

Кумитаи андоз дар идома мегӯяд, қонуне, ки тибқи он шахсони хориҷӣ аз хизматрасониҳои электронӣ бояд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд, 17 декабри соли 2020 қабул карда шуд. Амали Қонун ба шахсони хориҷие тааллуқ дорад, ки ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои рақамиро анҷом медиҳанд. Тибқи Қонун, ширкатҳои хориҷӣ уҳдадоранд на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ба қайд гиранд.

Минбаъд, эъломияи ААИ ба мақомоти андоз тавассути утоқи шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.

Ба гуфтаи масъулин ин намуди андоз як ҳолати махсуси андозбандии ААИ мебошад. Тахмин меравад, ки «андоз аз Google» як манбаи дигари даромади буҷаи давлат хоҳад шуд. Ғайр аз ин, тағйиротҳо ба Кодекс имкон медиҳанд, ки андозбандии хизматрасониҳои электрониро ба тартиб дароварда шавад. Ҳангоми қабули ин намуди андозҳо таҷрибаи кишварҳои дигар истифода мешуд. «Андози Google» дар Федератсияи Русия, Узбекистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова ва ғайра ҷорӣ карда шуд. Ин ба рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати интернетӣ вобаста аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *