Обу ҳаво

Имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои доманкӯҳӣ боришоти сусти борон борида, ҳаво дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 6+11° гарм мешавад.

23 феврал дар шаҳри Хоруғ ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боришоти сусти барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд баъзан ҳолатҳо боришоти сусти борон ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд дар ноҳияҳои алоҳида боришоти сусти борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр боришоти сусти барф ба амал омада), дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борон, барф) борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 хунук, рӯзона 5+10° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5° гарм мешавад.

Бояд донист, ки рӯзҳои 23-26 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, боришот (борон, барф), (рӯзҳои 23-24 феврал дар водиҳо борон, 25-26 феврал борон бо гузариш ба барф; дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ барф), 24-25 феврал  дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Рӯзи 25 феврал ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-140 паст мешавад. Рӯзҳои 23-24 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ва НТҶ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3035 сомонӣ;

1 евро – 13.7179 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1506 сомониро ташкил медиҳад.

Тақвими рӯз

23 феврали соли 1861 аз чор як ҳиссаи интихобкунандагони иёлати Техас дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз ИМА овоз доданд;

Соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шумораи ҳафтаномаи «Собеседник» нашр шуд;

23 феврали соли 1984 Ҷумҳурии Бруней истиқлол ба даст овард;

 Соли 1993 аввалин гузашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид;

23 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи  давлатии  фарҳангу  ҳунари   шаҳри  Москваи ФР ва се мактаби олии Тоҷикистон-  Консерваторияи  миллии  ба  номи  Т.Сатторов, Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор гардид.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ва дар Гайана Рӯзи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад.