Ба иттилои масъулини ноҳияи Тоҷикобод корвони иборат аз 7000 китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Тоҷикобод  расид ва ин туҳфаи арзишманди Пешвои миллатро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури раисони ҷамоатҳои деҳот ба ҳар оила  тақдим менамоянд.

Ин китоб бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп гардида,  то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат  ба ҳар оилаи мамлакат  тақдим карда мешавад.

«Мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун  туҳфаи гаронарзиш, сарчашмаи донишу  хирад ва манбаи беназири худшиносӣ баҳри наслҳои имрӯзу фардо  қабул намуданд. Зеро китоби «Тоҷикон» аз рӯзгори гузаштаи ниёгон барои насли имрӯз ҳикоят мекунад ва роҳи ояндаро мунаввар месозад», – менависад «Ховар».

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки китоби «Тоҷикон»  соли 1972 ба забони  русӣ,  солҳои 1983 ва 1985 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидааст. Ин китоб дар илми таърихшиносии ватанию хориҷӣ шуҳрати бузург касб кардааст. Чунки муаллифи он таърихи халқи  тоҷикро дар пояи консепсияи мукаммали илмӣ таҳқиқ карда, аз маводи фаровони таърихӣ, этнографӣ, лингвистӣ, бостоншиносӣ ва мадраку манбаҳои зиёди таърихӣ истифода бурдааст. Аллома Бобоҷон Ғафуров тавассути ин шоҳасари худ тоҷиконро ба ҷаҳониён ба таври мукаммал муаррифӣ намуда, дар асоси  сарчашмаҳои илмӣ нақши онҳоро  дар рушди  тамаддуни башарӣ арзишманд арзёбӣ кардааст.

Бояд гуфт, ки қаблан ҳам ин китоби арзишмандро ба сокинони ВМКБ ва ноҳияи Лахш тақсим намуда буданд. Ҳамчунин,

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик Озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров миёни шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон эълон менамояд.