Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон cафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш ба ҳузур пазируфт.

Тавре, ки ВКХ менависад, ҷонибҳо аз рушди пӯёи муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо байни Душанбе ва Риёз таъкид карданд. Вазир ба Сафири Арабистони Саудӣ барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас  хоҳад гузошт.

Қаблан ҳам гуфта шуда буд, ки 21 феврали 2021 дар Ҷидда вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Амири минтақаи Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Холид Ал-Файсал ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид, ки дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба тавсеаи бештари ҳамкориҳои судманд дар партави роҳнамоиҳои роҳбарони ду кишвар таъкид намуданд.

Бояд гуфт, ки дар ҳамин рӯзи 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) барқарор гардидаанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11 январи 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барасмият шинохт.