Дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ таҳти раёсати тарафи Тоҷикистон оғоз гардид ва дар ин рӯз тарафи Тоҷикистон иштирокчиёнро  бо ҷараёни омодагиҳо ба нишасти навбатии СҲШ, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ, инчунин дигар чорабиниҳо дар сатҳи вазоратҳо ва коршиносон шинос намуд.

Имрӯз бошад, тарафи мизбон барои намояндагони доимии кишварҳои узв дар Котиботи СҲШ ва кормандони қароргоҳи марказии Созмон тамошои онлайни чорабиниро ташкил намудааст.

Тавре “Ховар” бо истинод ба котиботи СҲШ хабар медиҳад, тарафайн оид ба лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи тарафи раисикунанда дар мавриди рӯзномаҳо, рӯйхати асноде, ки имзои онҳо дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор намуданд. Ҳамоҳангсозони миллӣ, инчунин лоиҳаҳои Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021 ва Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ барои соли 2021-ро муҳокима карданд.

Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ фаъолияти ҷории СҲШ-ро ҳамоҳанг ва ҳамкории вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои узви СҲШ-ро таъмин менамояд ва ҷаласа то 29 январи соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки 10 ноябри соли 2020 сурат гирифт, раёсати Созмонро ба уҳда гирифт. Давраи раёсати Тоҷикистон ба бистумин солгарди таъсиси Созмон рост омад ва он таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ”сурат мегирад.