Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 178 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатиро барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гашт.

Дар идомаи ин нуктаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои кишвари мо пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳад.

“Масъалаҳои таҳкиму ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо – Федератсияи Русия,  Ҷумҳурии мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархатти афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Мо ҳамчунин мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони Ислом – Ховари миёна, Осиёи Ҷанубӣ, ҷанубу шарқии уқёнуси Ором, Африқову Амрико бароҳ монда, рушду тавсия хоҳем бахшид”, – таъкид доштанд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.