Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз доир гашт, 24 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар он аз ҷумла оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз Прокурори генералӣ талаб намуданд, ки назорати прокурориро дар самти пешгирӣ намудани  шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таъмини амнияти иттилоотии кишвар пурзӯр карда, ҷиҳати коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ, бахусус авбошии гурӯҳӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани ҳолатҳои сохтакорӣ ва изофанависии ҳисоботи оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ чораҳои иловагии қатъӣ амалӣ намояд.

Аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастур дода шуд, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти назорати риояи дақиқ, иҷрои бечунучаро ва якхелаи қонунҳо, ошкор ва бартараф намудани мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, аз байн бурдани шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатию тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, раванди муҳоҷират ва ҳифзи сиҳатии мардум, пешгирии ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, баррасии пурра ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тақвият бахшанд.

Дар ҷараёни иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус» баррасӣ гардида, он аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ якдилона қабул карда шуд.

Инчунин, тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Турахон Давлат бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ  қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ» ва «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардиданд.

Тибқи он минбаъд хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа ва супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус ташкил ва гузаронида мешавад. Зимнан андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Дар иртибот ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»  ба як қатор қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти бархе аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ илова ворид карда шуд, ки тибқи он минбаъд нисбат ба номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз – судя, барои кор дар мақомоти прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷро ва мақомоти гумрук талаботи иловагии адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок муқаррар карда мешавад.      

Дар фарҷоми кори иҷлосияи панҷум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарназардошти ҳадаф ва афзалияти фаъолияти палатаи болоии мақомоти олии қонунгузори кишвар дар назди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар соли 2021 тақвият додани раванди амалисозии дастуру супоришҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии он дарҷ гардидаанд, вазифагузорӣ намуданд. Аз ҷумла, аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, шарҳу тавзеҳ ва амалигардонии қонунҳои қабулшуда, ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои созанда ва нақшаҳои ватандӯстонаи хеш дар роҳи ободу зебогардонии кишвар ба истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талоши бештар равона намоянд.