Дирӯз дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи байналмилалии робототехникӣ WRO (World Robot Olimpiad) баргузор гардид, ки дар ин даври олимпиада беш аз 10 даста аз шаҳри Душанбе ва ду даста аз вилояти Суғд – дастаи маҳфили “Робототехникӣ” – и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва Лигаи роботи шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Тавре аз сомонаи МИҲД вилояти Суғд гуфта шудааст, дар озмун дастаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар номинатсияи “Муҳандиси беҳтарини робототехникӣ”  ва дастаи Лигаи роботи шаҳри Хуҷанд дар номинатсияи “Амали беҳтарини дастаҷамъона” маҳорати баланд нишон дода, соҳиби Шоҳҷоиза гардиданд.

Бояд гуфт, ки Олимпиадаи байналмиллалии робототехникӣ WRO дар Тоҷикистон таи ду сол аст, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лигаи роботҳои шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад. Ҳадафи ташкили озмун рушди малакаи техникии насли наврас, дарёфти кӯдакони болаёқат ва ҷалби бештари кӯдакон ва наврасон ба ихтироъкориву навоварӣ мебошад.

Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун метавонанд дар озмуни байналмилалӣ ширкат варзанд.