Аз норасоиҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ то ҷалби сармоя

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ин ҷаласа таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баргузор гардида, ҳисоботи Котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ – муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ”, “Ишкошим” ва “Кӯлоб” шунида шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, муовини якуми Сарвазир муҳтарам Давлаталӣ Саид таъкид карданд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади асосии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Гуфта мешавад, ки раиси Шӯрои нозирон камбудиву норасогиҳои ҷойдоштаи ҳар як минтақаи озоди иқтисодиро қайд намуда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасогиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *