“Низоми идораи парламентӣ дар Қирғизистон ноком монд”. (шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин руйдодҳои Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла натиҷаҳои интихоботи президенти Қирғизистон ва парламенти Қазоқистон, болравии нархи ангишт баъди ҷорӣ шудани лимити барқ дар кишвар, афзоиши хушунати хонаводагӣ дар замони пандемия ва марги ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев таваҷҷуҳ кардаанд.

“Ҷумҳурият”

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 12 январ мақолае бо номи “Пешвои миллат. Бузургонро бузургон зинда медоранд”  чоп карда, навиштааст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба китоби “Тоҷикон” баҳои баланд дода, онро “қувваи заволнопазир  дар  болоравии  худшиносию  худогоҳии  миллӣ”   шумурданд. Сарвари давлат ба ин асари ҷовидонаи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” пешгуфторе таҳти унвони “Сарчашмаи худшиносии миллӣ” навиштаанд. Муаллиф дар идома таъкид кардааст, ки дар мавриди шахсият, хидматҳои бузурги сиёсиву давлатӣ, фаъолияти илмӣ  ва фазилатҳои барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров, боз ду мақолаи Пешвои миллат таҳти унвонҳои “Фарзанди фарзонаи миллат”, “Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ” ба қалам омадааст, ки ҳар ду мақола ба китоби “Чеҳраҳои мондагор” ворид шудааст.

Нашряи “Ҷумҳурият” дар ин шумоари худ ҳамчунин хабар додааст, ки кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмад Дониши АМИТ ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд, ки 2500 – солагии ёдгории Шаҳристони Тахти Сангин-и ноҳияи Қубодиёнро ба рӯйхати ҷашнҳо ва бузургдоштҳое, ки ин созмон солҳои 2022 – 2023  дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мекунад, ворид намояд. Ба ин хотир, интизор меравад, ки дар соли 2021 калонтарин экспедитсияи бостоншиносӣ дар мавзеи Тахти Сангин роҳандозӣ шавад.

Бояд гуфт, ки Шаҳристони Тахти Сангин ёдгории нодири асрҳои lV то милод – III милодӣ буда, дар баробари Қалъаи Ҳисор, Дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва шаҳри Ҳулбук барои ворид шудан ба Феҳристи ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.

“Садои мардум”

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 14 январ бо нашри як матлаби таҳлилӣ, бар зарурати истифодаи самаранок аз неруи офтоб ва бод барои тавлиди барқ дар Тоҷикистон таъкид кардааст. Ба навиштаи муаллиф дар Тоҷикистон соле ба ҳисоби миёна 280 — 330 рӯзи офтобӣ аст, ки аз рӯи ҳисоби олимон бо истифода аз энергияи офтоб метавон 20 дарсади талаботи кишварро бо барқ таъмин кард.

Дар идома ба гуфтаи муаллиф дар Тоҷикистон аз неруи шамол низ метавон самаранок истифода бурда, неругоҳҳои бодиро дар ноҳияҳои Файзободу Мурғоб, Ишкошим, Шамсиддини Шоҳин, ағбаҳои Анзобу Шаҳристон, Хобуработ ва атрофи обанбори Қайроқум насб кардан мувофиқи мақсад аст. Аз ҷумла таъкид мешавад, ки танҳо дар ноҳияи Ишкошим генераторҳои шамолӣ метавонанд то 150 мегаватт неруи барқ истеҳсол кунанд.

Нашрия ёдовар мешавад, ки ахиран Ӯзбекистон бо сармоягузорони хориҷӣ барои бунёди як неругоҳи бузурги офтобӣ бо тавоноии 100 мегаватт созишнома имзо кардааст. Гуфта мешавад ин неругоҳ соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, солона 270 гигаватт-соат неруи барқ медиҳад, ки барои пурра бо неруи барқ таъмин намудани 31 000 оила басанда аст.

“Тоҷикистон”

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 13 январ навишт, дар интихоботи парламентии Қазоқистон, ки рӯзи 10 январ баргузор шуд, ҳизби Нурсултон Назарбоев “Нур Отан” бо касби беш аз 71 % райи мардум пируз шуд.

Дар ин матлаб таъкид мешавад, дар тули 16 соли охир аввалин бор аст, ки интихоботи парламентӣ дар Қазоқистон пеш аз муҳлат набуд.  Раёсати ҳизби “Нур Отан”-ро аввалин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба душ дорад.

Нашрия дар ин матлаб таъкид мекунад, ки замони пандемияи Ковид-19 рушди ММД-и Қазоқистон 1,8 % коҳиш ёфта, сатҳи бекорӣ дар ин кишвар то 10,8 % афзоиш ёфт. Бинобар ин барои ҳалли мушкилоти мавҷуд Қазоқистон ба парламенти тозаинтихоб ниёз дошт.

“Asia-Plus”

Нашрияи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 14 январ дар матлбае аз қавли коршиносон навиштааст,  дар Қирғизистон нафаре сари қудрат омад, ки аз назари хислату фаъолияташ барои  мардуми оммӣ қобили қабул аст.

Дар баробари ин таҳлилгарон ибрози умедворӣ кардаанд, ки бо тағйири сохти идораи давлат аз парлумонӣ ба президентӣ, дар Қирғизистон суботи сиёсӣ барқарор мешавад. Ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад таҳлилгари масоили минтақа, таҷрибаи Қирғизистон нишон дод, ки низоми идораи парлумонӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ ҷавоб намедиҳад.

Ҳафтаномаи “Asia-Plus” дар як хабари кӯтоҳ навиштааст, ки дар дар 11 соли охир 39 % буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон барои бахши иҷтимоӣ сарф шудааст.  Дар ин миён  ба бахши маориф 16,9%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 15,5% ва тандурустӣ 7,2%-и маблағҳои буҷети давлатӣ дар давоми солҳи 2010-2020 рост меояд.

“СССР”

Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 7 январ дар матлабе аз шеваи ғайриҳирфаии таблиғи сарфаи неруи барқ дар шабакаҳои телевизионӣ интиқод кардааст. Муаллиф аз шеваи таблиғ барои сарфаи неруи барқ изҳори нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки ин кор бояд мутобиқи замони муосир ва бо ишораа ба технологиҳои навин анҷом дода шавад.

Нашрияи “СССР” дар матлаби дигаре бо номи “Бардошт зам кун?!”  суол гузоштааст, ки танзимгарӣ нархи маводи сухт аз ҷумла ангишт дар кишвар кист? Дар ин матлаб муаллиф аз афзоиши нархи ангишт дар манотиқи мухталифи кишвар баъди ҷори шудани лимити барқ изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф тазаккур додааст, ки масъулини истихроҷ, интиқол ва фурӯши ангишт бояд дар назди ҳукумат ва мардум посух бигуянд, ки чаро аз буҳрони беобии кишвар истифода карда, тоҷирон нархи ангиштро беинсофона боло бурдаанд?

“Фараж”

Аксари нашриҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе дар шумораҳои тозаи худ мақолаҳое дар бораи ҳаёт ва фаъолияти овозхони шинохта, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шодравон Қурбоналӣ Абдуллоев чоп кардаанд. Қурбоналӣ Абдуллоев рӯзи 11 январ дар сини 57 солагӣ дар Душанбе баъди бемории илтиҳоби дутарафаи шушҳо аз олам чашм пӯшид.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар ин замина навишт, Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндагонест, ки тарзу шеваи овозхонии худро дошта, бештра бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур буд. “Замину осмони ман туи модар”, “Қишлоқаки ман”, “Чашмаи масти ту бошам”, “Душанбе”, “Лайло”, “Санамо”, “Аввалин ишқам ту будӣ”, “Чеҳраи хаёл” аз ҷумлаи таронаҳои маъруфи марҳум Қурбоналӣ Абдуллоев ҳастанд.

Зиёратшо Аҳмадшо

Радиои “Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *