Конибодом: Чӣ қадар маҳсулоти паст аз муомилот гирифта шуд?

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Конибодом дар давоми соли 2020 дар якҷоягӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ рейдҳои муштарак гузаронида, дар натиҷа ба миқдори муайян маҳсулоти пастсифату зарароварро ошкор карданд.

Ҳикматулло Меликзода

Дар ин бора директори МНДСЭ-и шаҳри Конибодом Ҳикматулло Меликзода ба хабарнигори радиои “Тоҷикистон”иттилоъ дода, афзуд аз иншоотҳои зери назорати шуъбаи гигиенаи хӯрока дар марказҳои савдо ва мағозаҳои хурокворӣ  ба миқдори 1246,25 кг маҳсулоти пастсифат, шубҳанок ва мӯҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шудааст. Бино ба иттилои номбурда маблағи умумии маҳсулотҳои аз истифода гирифта шуда маблағи 24 ҳазору 842 сомониро ташкил додааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020 аз тарафи кормандони МНДСЭ-и шаҳри Конибодом барои риоя накардани талаботҳои қоида ва меъёрҳои санитарӣ нисбати 288 нафар соҳибкорони инфироди ва шахсони масъул, ки дар иншоотҳои зериназорати кор вафаъолият мекунанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмури тартиб дода шуда, ба маблағи 68 ҳазору 967 сомонӣ ҷаримабанди карда шуда ба пуррагӣ ситонда шудааст.

 Саъдӣ Ғоибов

радиои “Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *