Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо Муғулистон дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи миллии Урдун ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба расонаҳо хабар доданд.

ФФТ ва Ассотсиатсияи футболи Урдун дар бораи баргузории ду бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Бозиҳо байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун 1 ва 5 феврал дар Дубай баргузор мешаванд. Дастаи Усмон Тошев омодагиро ба ин бозиҳо охири моҳи январ оғоз мекунад.

Ёдрас мешавем, ки 25 март дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон — 2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаи миллии Муғулистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад.