Имрӯз  дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг дар бораи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021 баргузор гардид. 

Дар брифинг кормандони Вазорат ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд. Тавре дар брифинг иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ Аҳмад Саидмуродзода  иттилоъ дод, 10 ноябри соли 2020 Тоҷикистон раёсат дар СҲШ-ро аз Федератсияи Русия қабул карда, ҳамчунин аз ҷониби Раиси Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи чорабиниҳо  оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ ва Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2020- 2021 тасдиқ гардидааст.  Тибқи Консепсия Нақшаи чорабиниҳо  асосӣ ва Нақшаи чорабиниҳои дохилидавлатӣ таҳия шуданд, ки зиёда аз 100 чорабиниро дар бар мегирад. Баргузории аксари ин чорабиниҳо  дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.          

Бино ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ Аҳмад Саидмуродзода Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай мувофиқ бо санадҳои асосии Созмон амалӣ шуда, ба татбиқи пай дар пайи шартномаҳои байналмилалӣ, қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавии қабулшуда ва мувофиқаҳое, ки дар санадҳои ниҳоии ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои давдаҳои аъзои  СҲШ бо мақсади рушди батадриҷи Созмон дарҷ шудаанд, равона гардидааст.

Маликов М.