Паёми “Тоҷикистон”: Аз муносибати дипломатии Тоҷикистону Қирғизистон 28 сол сипарӣ шуд

Имрӯз панҷшанбе 14 январи соли 2021 аст.

Обу ҳаво

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво барои имрӯз 14 январ дар шаҳри Бохтарро камабри бебориш гуфтааст. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук рӯзона 14+16° гарм мешавад.  Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво -1+4, рӯзона 11+16° мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво шабона 17-19° хунук, рӯзона 2-4° хунук мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 7-12° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 хунук рӯзона -0-5° хунук шарқи вилоят шабона 28-33° хунук, (дар мавзеи Булункӯл 46-48° хунук ) рӯзона 14-19° хунук (дар мавзеи Булункӯл 28-30° хунук ) мешавад.

Гуфта мешавад, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук рӯзона 6+8° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд авои камабри бебориш пешгӯи мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -4+1°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

14 январ соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона -1+1° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад. Дар водиҳои НТҶ шабона -2+3°, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17° хунук, рӯзона 0+5°гарм дар баъзе ноҳияҳо то 0-5° хунук мешавад.

Қурби асъор

Барои имрӯз 1 долаари ИМА – 11,3000 сомонӣ, 1 евро – 13,7632 сомонӣ ва 1 рубли рисуӣ – 0,1524 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Тақвими рӯз

14 январи соли  1907 заминҷунбии шадид қисми зиёди шаҳри Кингстони Ямайкаро нобуд кард, ки дар натиҷа 1400 нафар ба ҳалокат расиданд;

Дар ин рӯзи соли 1972 аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи пӯст ва пойафзоли Душанбе таъсис дода шуд;

Ҳамин рӯзи соли 1980 иҷлосияи фавқулодаи Ассамблеяи Генералии СММ ба Афғонистон даромадани ҷангиёни Иттиҳоди Шӯравиро  маҳкум намуд.
14 январи соли 1993 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносиботи дипломатӣ барқарор гардиданд. Аз моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият мекунад. Дар Бишкек низ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуда, таъкид доштанд, ки мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро анъанаҳои чандинасраи робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо таъкиди алоқамандии ин ҷониб ба нигоҳдориву афзун гардонидани мероси таърихии созандаи муносибатҳои мардумони мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон   умед мебандам.

Соли 1992 миёни Озарбойҷон ва Туркия санад дар бораи барқарор намудани муносиботи дипломатӣ ба имзо расид;

Имрӯз дар Ӯзбекистон Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ва дар дар Тунис Рӯзи инқилоб ва ҷавонон таҷлил карда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *