31 тонна маҳсулоти пастсифат аз 470 маркази хизматрасонӣ

акс аз интернет

Беш аз 31 тонна маҳсулоти муҳлати истифодабарияшон гузашта ҳамчунин пастсифат дар шаҳри Истаравшан аз фурӯш гирифта шудааст.

Раҳимова  Зебунисо

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ин шаҳр дар соли 2020 баҳри пешгири аз ҳодисаҳои заҳролудшави аз ғизо ва бемориҳои бо ғизо аз 470 нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ санҷиш гузаронида, 335 нумуди маҳсулоти хурока аз таҳлили кимиёвӣ ва бактериологӣ гузаронида шуданд.

Тавре директори ин марказ Раҳимова  Зебунисо ба хабарнигори Радиои «Тоҷикистон» иттилоъ дод, дар рафти санҷишҳои рейдии муштарак бо кормандонимақомоти ҳифзи ҳуқуқ 31 ҳазору 409 кг маҳсулоти муҳлати истифодабарияшон гузашта, ҳамчунин пастсифат аз фурӯш бозпас гирифта, нобуд карда шуданд.

Барои чунин амал нисбати 15 нафар кормандони нуқтаҳои фурӯши маводи хӯрока мавод тартиб дода шуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  пешниҳод гардид.

Саъдӣ Ғоибов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *