«Роҳнамои муҳоҷир» – барномаи мобилӣ барои кӯмак ба муҳоҷирон

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат барои муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷ қарордошта замимаи мобилии «Роҳнамои муҳоҷир»-ро омода намудааст.

Дар замимаи мобилии «Роҳнамои муҳоҷир» маълумот гурӯҳбандӣ шудааст ва муҳоҷир имкон дорад танҳо маълумоти лозимаро дар ин ё он давраи муҳоҷират дастрас намояд. Маълумоти асосӣ ба се қисм ҷудо мешавад: қабл аз муҳоҷират; дар давраи муҳоҷират; баъд аз муҳоҷират. Инчунин, маълуоти иловагӣ ва роҳҳои дигари гирифтани маълуот низ дар бахшҳои алоҳида нишон дода мешаванд. Масалан дар бахши “Тамос” рақамҳои корӣ ва мобилии масъули замима ва сомона, рӯзноманигори хадамот, шуъбаи умумӣ ва рақамҳои телефон ва суроғаи ҳама бахшу шуъбаҳои Хадамот дар ноҳияҳо, рақамҳо барои тамос бо 4 маркази машваратӣ ва омодагии қабл аз сафари муҳоҷирон нишон дода шудааст. Дар бахши “Сафорат” бошад, рақамҳои телефон ва суроғаҳои намояндагии Вазорати меҳнат. муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР, дар бахши “Диаспораҳо” ҳамчунин суроға ва рақамҳои телефони марказҳои тоҷикон дода шудаанд. Барои бе ёрии операторон гирифтани ҷавоб ба баъзе саволҳои худ, муҳоҷирон метавонанд аз бахши “саволҳои маъмул” истифода баранд. Агар муҳоҷир маълумоти зарурияшро наёфт, ё аз рақамҳои барои тамос додашуда маълумот дастрас карда натавонист, он гоҳ метавонад аз чати доимо бархат  (горячая линия) истифода барад. Ҳам дар равзанаи асосии сомона ва ҳам дар замимаи мобилӣ дар тарафи рост аз қисамти поёни тугмачаи чат ҷойгир аст.

Тавре аз Хадамот ба “Ховар” гуфтааст, барномаи “джива” дар телефонҳои кормандони масъули  хадамот насб мегардад, ки ҳар лаҳза метавонанд ба саволҳои муҳоҷирон ҷавоб гардонанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *