Дар Исфара 6 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ бунёд шуд

Соли 2020 дар шаҳри Исфара 6 адад корхонаю коргоҳҳои навбунёди саноатӣ бо таъсиси 120 ҷойҳои кории нав мавриди истифода қарор гирифт.

Ба иттилои муовини раиси шаҳр дар соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 372,1 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 103,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 12,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи корхонаҳои дар қайди оморбуда дар ин давра ба андозаи 130,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ба 95,5 фоизи нишондиҳандаи соли 2019 баробар аст. Дар соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 560,4 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 112,3 фоиз таъмин гардид.

Тавре дар сомонаи мақомоти вилояти Суғд гуфта шудааст, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4948,5 тонна гӯшт, 28967,8 тонна шир, 5,8 млн. дона тухм истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 309,2 тонна, 409,6 тонна ва 942,5 ҳазор дона зиёд мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *