Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири мухтор ва фавқуллодаи Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор масъалаи рушди ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот, аз ҷумла гуфта шуд, ки дар даврони истиқлолият, дар тӯли 28 соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, давлатҳои мо тавонистанд як низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии стратегии дуҷонибаро дар асоси ошкорбаёнӣ, эътимод ва ҳамкории баробар ташкил кунанд.

Тавре аз Парлумон хабар доданд, Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки «бо саъю кўшишҳои бевоситаи тарафайн муносибатҳои дуҷонибаи мо имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор дорад. Бо дарназардошти аҳамияти таҳкими робитаҳои дуҷониба, муайян кардани самтҳои нави умедбахши ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия парлумони кишвар минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии дахлдор тадбирҳои мушаххас ва пайваста меандешад».

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки вазифаҳои муштараки мо, бешубҳа, мусоидат ба таҳким ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, рушди робитаҳои самарабахши доираҳои тиҷоратии ду давлат тавассути ташаккули инфрасохтори муосири муносибатҳои бозорӣ, фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ ва ҷолибияти сармоягузорӣ, инчунин танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳамкорӣ мебошанд.

Дар фарҷом бо умедворӣ таъкид доштанд, ки миёни ин ду шарики стратегӣ роҳҳои нави истифодаи пурраи иқтидори Тоҷикистону  Русияро пайдо карда, дар оянда боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *