БДА ба ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки ба минтақаҳои кӯҳӣ ба сафар мебароянд, ҳушдор медиҳад

 Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Ваҳдат-Рашт-Лахш, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Лабиҷар-Сангвор-Қалаи Хумб, Айнӣ-Панҷакент ҳангоми бориши борон ва барф боэҳтиёт бошанд ва талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, полковники милитсия Акбар Қурбонзода хабар додааст.

Дар ин давра ронандагон ҳангоми идора намудани воситаҳои нақлиёт дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, бо муҳаррики хомӯш кардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии бо муҳаррик пайвастнагардида ҳаракат намуда, воситаи боздории воситаи нақлиётро дуруст истифода баранд.

“Баъзеи ронандагони мошинҳо дар нишебиҳои тези роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ барои сарфа намудани сӯзишворӣ ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузошта, бо муҳаррики хомӯшкардашуда ва соишбанд ё ноқилқуттии ба муҳаррик пайвастнашуда ҳаракат менамоянд, ки ин сабаби сар задани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ мегардад”-, изҳор медорад А.Қурбонзода.

Мавсуф ба ронандагон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ба таври нокифоя дида шудани роҳ дар гардишҳои хатарнок, дар охири баландии роҳ (кӯтал) ва дигар минтақаҳои дидашавандагияшон муҳдуди роҳҳои мошингарди минтақаҳои кӯҳӣ, махсусан пулҳо ва нақбҳо сабқат ва таваққуф нанамоянд. Ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш, ки вазни ниҳоии ҷоизаш зиёда аз 3,5 тонна мебошад, ба монанди трактор ва автобусҳо ҳангоми бозистӣ ва таваққуф дар баландии роҳ (кӯтал) ва нишебиҳои роҳҳои кӯҳӣ аз воситаҳои зидди ғелиш (танбаҳо) истифода баранд.

Дар вақти бориши борон ва барф ба ронандагон иловатан хушдор дода мешавад, ки таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш истифода баранд, чархҳои воситаҳои нақлиётро бо шинаҳои зимистона муҷаҳҳаз намуда, бо худ гирифтани лавозимоти заруриро фаромӯш нанамоянд. Ҳангоми мавҷуд будани носозиҳои техникӣ дар маҷмӯи боздорӣ, идоракунии воситаи нақлиёт, олоти нурии берунӣ, чархҳо ва шинаҳо, шишатозакунакҳо ва воситаҳои шӯяндаи шишаи пешорӯй, муҳаррик ва дигар қисмҳои сохтори воситаи нақлиёт мошинро истифода набаранд ва баъд аз бартараф намудани носозиҳои техникӣ ба роҳ бароянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *