«Афкор»: Баҳси пулҷамъкунӣ дар мактабҳо

Акс аз Интернет

Давоми чанд рўзи ахир мавзўи ҷамъоварии маблағ бо ҳар роҳу восита дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ мавриди баҳси корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук қарор дошт. Наимҷон Ҷўраев, яке аз истифодабарандагон бо нигоштани як матлаби кўтоҳ атрофи ин муаммо ба баҳси корбарон асос гузоштааст.

Дар матлаб гуфта мешавад: Ҳар моҳ як навъи пулҷамъкунӣ дар мактаб вуҷуд дорад. Мабодо, агар пурсед, ки барои чӣ, дар бало мемонед. Агар онро дар миёни омма, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ кардан хоҳед, шуморо ғайбатчӣ унвон мекунанд. Дар ҳарфи охири худ ин муаллиф андешаи корбаронро вобаста ба ин масъала пурсон шудааст.

Ибтидо Исмоилхоҷа Наҷмиддинов дар қисмати шарҳи ин матлаб навиштааст: Ҳозир ба хотири пур кардани шаҳодатномаи хатми таҳсил  15 сомонӣ ва ҳар моҳ барои хариди маводи зиддиуфунӣ 10 сомонӣ аз хонандагон мегиранд.

Ширин Давлатмуродова, як бонуи корбар атрофи ҳамин масъала чунин гуфтааст: Бо ҳар баҳона пул мепурсанд ва мо ноилоҷ розӣ мешавем. Вақте корманди коррупсия ба муассиса омада аз чигунагии вазъ дар ин масъала пурсон шавад, ба пўстини муаллимон кайк медарояд. Ман ба ин корҳои роҳбарони мактабҳо ҳайронам!

Ба таъйиди як корбар ҷамъоварии маблағ дар бисёре аз муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасад. Пеши роҳи инро гирифтан ғайриимкон аст. Танамон сиҳат бошад, шуд, пулро меёбем! – гуфтааст дар шарҳи худ ин муаллиф.

Рухшона Отаева, яке аз мубоҳисон мушаххасан нигоштааст: Вақте макони илму дониш ба нуқтаи савдо бадал мешавад, воқеан боиси нигаронист!

Яке аз истифодабарандагон, ки зоҳиран омўзгор аст, гуфтааст: Ҳоло аз омўзгорон барои обуна шудан 150 сомонӣ, корҳои санитарӣ 190 ва барои суғурта 30 сомонӣ ҷамъ карда истодаанд. Мавсуф дар шарҳи худ аз корбарон пурсидааст, ки оё дар ҳамаи мактабҳо чунин бошад?

Дар посух ба ин корбар Суннатуллоҳ Раҳимов чунин тасдиқ намудааст: Бале, барои суғурта 30 ва барои обуна 150 сомонӣ пардохт кардем, аммо барои корҳои санитарӣ аз мо 180 сомонӣ рўёниданд.

Аммо дар ҳамин маврид Наҷибуллои Зубайдулло ба баҳс ҳамроҳ шуда, навиштааст: Мо танҳо обунапулӣ ба миқдори 300 сомонӣ додем.

Дар қиболи ин радду бадали иштирокдорон Сумая Раҳимова як бонуи корбар иброз доштааст: Дар муассисаи мо сухан сари ин масъалаҳо умуман нест. На атрофи обунапулӣ, на суғурта ва на корҳои санитарӣ. Директорамон мегўяд, ки омўзгорон аз куҷо пул меёбанд, танҳо бо маоши нокифоя зиндагӣ мекунанд.

Корбаре бо исму насаби Наимҷон Ҷўраев атрофи мавзўи мавриди баҳс навиштааст: Бигзор пул ҷамъ кунанд, агар он ба таҳсил иртибот дошта бошад ва баҳри беҳбуд бахшидани сифати дарс равона гардад. Агар бесабаб ҷамъоварӣ кардан хоҳанд, ба ин амал набояд иҷозат дод!

Дар идомаи баҳс  Давлатхоним Сайидошўрова, яке аз мубоҳисон баён доштааст: Дар ҷамъоварии маблағ аксар маврид роҳбарони муассисаю корхонаҳо пешдастӣ карда, омўзгоронро маҷбур мекунанд. Зеро чӣ тавре мегўянд: “Бо баҳонаи гандум ҷав низ об мехурад”. Яъне ба онҳо ҳатман фоидааш мерасад, вагарна чаро баъзеҳо кўшиши роҳбар шудан дар муассисаи таълимӣ – аз боғчаҳои бачагона то муассисаҳои касбиро мекунанд. Зимни санҷиш ба комиссияҳо ҳатто бидуни талаби онҳо маблағ пешниҳод мекунанд, то камбудиҳои мавҷударо сарфи назар намоянд.

Ситора Шодиева, омўзгори дигар иброз намудааст: Мо 43 омўзгор, ки зери дастамон 700 хонанда таълим мегиранд, ҳар яке  обунапулӣ 370 ва барои гузаштан аз ташхиси духтур 130 сомонӣ пардохт кардем. Дар посух ба Давлатхоним Сайидошўрова, ки сабаби аслии ин навъи пулҷамъкуниро дар бесалоҳиятии бархе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ донистааст, ин муаллиф гуфтааст: Дар воқеъ, на ҳама омӯзгорон ба чунин қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, танҳо ҳамонҳое ин корро мекунанд, ,ки ҳуқуқи худро намедонанд.

Бо дарназардошти ҷамъоварии кунунии маблағ ба хотири обунаву суғурта, таъмири мактаб ва гузаштан аз ташхиси духтур Ширин Давлатмуродовна, як омўзгор навиштааст: Сарфи назар аз чанд сомонӣ маош гирифтанамон ҳоло бояд дар маҷмуъ 420 сомонӣ супорем. Пас, чаро ин қадар омўзгорон аз ҷониби шумо танқид мешаванд?

Самира Шерова, яке аз корбарон дар посух ба ин муаллиф нигошта, ки: Ин масъаларо тавассути равона кардани сметаҳои муассиса метавон ҳал кард. Ин қадар пули сметаҳо куҷо мешаванд? – суол кардааст Шерова.

Аммо Ширин Давлатмуродовна дар хотимаи баҳси мазкур дар ҷавоб гуфтааст: Ҳар замон чунин таъкид мекунанд, ки муассиса пул надорад, чунки имсол сметаи харҷномавӣ ҷудо нашудааст. Худи ҳар роҳбари синф синфхонаҳояшонро таъмир карданд, ҳатто бидуни кўмаки волидайн.

 Дилшоди Муҳаммад

радиои “Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *