The New York Times: Трамп имкони ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Натанзро баррасӣ кардааст

Рўзномаи «Ню-Йорк таймс» дар гузорише навишт, ки Доналд Трамп, президенти Амрико рӯзи 12 ноябр дар Кохи Сафед ҳамроҳ бо мушовирони аршади худ гузинаи ҳамлаи низомӣ алайҳи корхонаи аслии ҳастаии Эрон дар ҳафтаҳои ояндаро баррасӣ карда аст.
Сомонаи интернетии шабакаи «Евронюс» менависад, «Ню-Йорк таймс» ба нақл аз чаҳор мақоми феълӣ ва собиқи амрикоӣ дар гузорише, ки рӯзи 16 ноябр мунташир шуд навишт, ин ҷаласа як рӯз пас аз он рух дод, ки бозрасони Агентии байналмилалии неруи атомӣ аз афзоиши қобили тавваҷуҳи захираҳои урани Эрон хабар доданд.
Тибқи ин гузориш мушовирони аршади доналд Трамп пас аз тарҳи ин мавзӯъ, Трампро нияти аз ҳамлаи низомӣ бозгардониданд. Ин мушовирон аз ҷумлаи Майк Пенс муовини раиси ҷумҳур, Майк Помпео вазири умури хориҷа, Кристофер Миллер, сарпарасти вазорати дифо ва генерал Марк Милӣ раиси ситоди муштараки артиши иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳушдор доданд, ки ҳамла алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон метавонад ба як даргирии густарда табдил шавад. Ин гузориш таъкид дорад, ки ҳадафи ҳар гуна ҳамла чӣ мушакӣ ва чӣ киберӣ, пойгоҳи ҳастаии Натанз дар Эрон хоҳад буд.
Бояд гуфт ахиран Агентии байналмилалии неруи атомӣ эълом кард, ки захираҳои урани Эрон дар он ҷо акнун 12 баробар бештар аз ҳадди муҷоз дар тавофуқи ҳастаӣ аст. Давлати Доналд Трамп дар соли 2018 аз ин тавофуқ хориҷ шуд.
Агентии байналмилалии неруи атомӣ ҳамчунин дар гузориши худ афзуда аст, ки Эрон иҷозаи дастрасӣ ба як коргоҳи машкуки дигарро ки дар он далелҳое аз фаъолиятҳои ҳастаӣ дар гузашта вуҷуд доштааст, надодааст.
Тибқи ин гузориш Трамп дар ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи худ аз дастёрони аршади амнияти миллии худ пурсида аст ки чӣ гузинаҳое вуҷуд дорад ва чӣ гуна метавон ба ин мавзӯъ посух дод.
«Ню-йорк таймс» навишта аст, пас аз он ки Майк Помпео ва генерал марк Милӣ хатароти эҳтимолии ҳамларо ташреҳ карданд афроди ҳозир дар ҷаласа ба ин натиҷа расиданд, ки ҳамлаи мушакӣ аз дастури кор хориҷ шуда аст. бо ин ҳол афроде ки «Ню-Йорк таймс» бо он ҳо гуфтугӯ кардааст муътақиданд, ки Доналд Трамп ҳамчунон метавонад дунболи роҳҳои ҳамла ба дороиҳо ва муттаҳидони Эрон, аз ҷумлаи шибҳанизомиён дар Ироқ бошад.
«Ню-йорк таймс» муътақид аст, ки ҳамла ба Эрон мумкин аст барои пойгоҳи иҷтимоии Доналд Трамп, ки ағлаб мухолифи ҳузури Амрико дар даргириҳои Ховари миёна аст, муносиб набошад, аммо ин мавзӯъ метавонад равобити Вашингтон бо Теҳронро бадтар кунад, ки эҳёи он барои Ҷо Байден раиси ҷумҳӯри мунтахаби Амрико душвортар бошад, зеро Байден ваъда дода аст, ки тавофуқи ҳастаии соли 2015 бо Эронро эҳё мекунад.
Доналд Трамп ҳафтаи гузаштаи Марк Эспер, вазири дифои Амрикоро барканор ва Кристофер Миллерро ба ҷой у мансуб кард .
Ҳафтаи гузаштаи «Ню-Йорк таймс» бори дигар дар гузорише навишт, ки мақомоти вазорати дифои Амрико ба таври ғайрирасмӣ иброз нигаронӣ кардаанд, ки раиси ҷумҳур мумкин аст дар охирин рӯзҳои давраи раёсаташ, амалиётеро ба сурати ошкор ё махфӣ алайҳи Эрон оғоз кунад .
Бояд гуфт дар ҳоле аз имкони ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Натанз суҳбат шуда аст, ки тобистони гузашта мақомҳои Эрон эълом карда буданд, ки ба дунболи вуқуъи ҳодисае, яке коргоҳҳои дар ҳоли сохт дар атрофи Натанз дучори осеб шуд.
Пас аз эълони ин ҳодиса гумонзаниҳо дар боари харобкорӣ ва ё ҳатто ҳамлаи Исроил матраҳ шуд. Рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» ба нақл аз як масъули амниятӣ дар минтақаи Ховари Миёна, ки номе аз вай бурда нашуд, эълом кард, ки ин ҳодиса бар асари гузоштани як василаи тарканда дар дохили таъсисоти Натанз рӯй додааст .
Дар ниҳоят Беҳруз Камолвандӣ сухангӯqи Созмони неруи атомии Эрон эълом кард, ки инфиҷор дар таъсисоти ҳастаии Натанз харобкорӣ будааст, аммо ба ҷузиёти он ишора накард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *