Кӯчаҳои ҷамоати Ёваи Бобоҷон Ғафуров мумфарш карда мешаванд

Дар асоси  дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳҳои марказиву махаллӣ ва роҳҳои ҷамаоту деҳаҳои вилояти Суғд  мумфарши асосӣ мешаванд. Бо таваҷҷуҳи роҳбари давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  имрӯзҳо роҳи  кӯчаи Сирдарё ва Сайҳуни ҷамаоти деҳоти Ёва ба таъмири куллӣ фаро гирифта шуда,  барои ҳаракати нақлиёту сокинон шароит муҳайё мегардад.

Ҳомидҷон Алимов, сокини ҷамоати деҳоти Ёва

Таҷдиду навсозии роҳи мазкур дар идомаи иқдомҳои  ободонӣ ба истиқболи  ҷашни 30 –  солагии  Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва солҳои  рушди дехот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои  мардумӣ амалӣ мешавад. Дар ин маҳалла  беш аз 3000 аҳолӣ зиндагӣ  дошта,  таъмини  зиндагии  шоиста  барои онхо  зери  таваҷҷуҳи  доимии  давлату ҳукумат қарор  дорад. Тавре дар ин хусус сокини ҷамоати деҳоти Ёва Ҳомидҷон Алимов ба хабарнигори минтақавии радиои “Тоҷикистон” гуфт: “ Мо сокинони кӯчаи Сирдарё аз он бисёр хурсанд ҳастем, ки маҳаллаи мо рӯз то рӯз ободу зебо шуда истодааст. Албатта, ҳамаи ин самараи сулҳу оромии кишвар аст, ки корҳои созандагӣ дар ҳудуди мамлакат аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Ёва бо ҷушу хуруш идома дорад”.

Латиф Қаҳҳоров, роҳсоз

Таъмир шудани  роҳи автомобилгард омили муҳим дар  рушди иқтисодии сокинони кӯчаи Сирдарё ва Сайҳуни ҷамаоти деҳоти Ёва арзёбӣ мегардад. Имрӯз роҳ бо  сифати баланд ва чавобгу ба талаботу меъёрҳои роҳсозӣ таҷдиду  мумфарш  карда шуда, мушкилии   ронандагону сокинон бартараф мегардад. Дар ин хусус роҳсоз Латиф Қаҳҳоров иттилоъ дод, ки “ Масоҳати мумфаршшавандаи роҳ паҳноияш 5 метр ва дарозияш 1100 метр мебошад. Барои асвалтпуш кардани масоҳати мазкур 660 тон асфалт пешбинӣ карда шудааст”.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи  омодагиҳо  ба ҷашни 30 –  солагии  Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва солҳои  рушди дехот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои  мардумӣ,  таъмиру навсозии   роҳҳои маҳаллӣ инчунин кӯчаҳои байни деҳаҳо  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ба нақша гирифта шудааст.

Нуралӣ Давлат, Мастона Ҳасанова

 радиои “Тоҷикистон”

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *